Президенти Ӯзбекистон: Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад

Президенти Ӯзбекистон зарурати бархӯрди муштарак дар музокирот бо ҳукумати навро таъкид кард ва гуфт, Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи ҳаштумин нишасти “Шӯрои туркзабонҳо” дар Истамбул зимни суханронияш ба мавзӯи Афғонистон низ дахл кард.
Дар робита ба масъалаи Афғонистон раисиҷумҳури Узбакистон қайд кард, ки "мо вазъи мураккаби имрӯзаи ин кишварро бодиққат мушоҳида мекунем".
"Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад. Мо бояд барои муколама бо ҳукумати нави Афғонистон бархӯрди муштарак ва ягона дошта бошем", - гуфт Мирзиёев.
Ёдовар мешавем кишварҳои туркзабон аз қабили Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон аз аввалинҳое буданд, ки дар сатҳи баланд расман бо ҳукумати "Толибон" робита барқарор карданд.
Қаблан дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар пайи як нишаст дар Деҳлӣ ба хабарнигорон гуфт, таҳдиди аслӣ аз Афғонистон терроризм аст.
Патрушев иқдомот алайҳи таҳдидҳои бархоста аз Афғонистонро муҳим хонд
Вай гуфт, ки тибқи ҳисобҳои гуногун, феълан дар Афғонистон беш аз 20 сохтори террористӣ фаъол аст.
Шумораи умумии террористон дар ин кишвар, ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, аз 23 ҳазор бештар аст.
Патрушев ҳамчунин ба қочоқи маводи мухаддир дар минтақа таваҷҷуҳ карда гуфт, ки даромад аз ин роҳ то ҳол манбаи асосӣ барои фаъолиятҳои террористӣ боқӣ мемонад.