Дар пайи ин ҳодиса як зан захмӣ шудааст. Ӯро ба макони бехавф бурданд ва баъд духтурон ба ӯ ёрии зарурӣ расонданд.
Дар давоми рӯз 18 нафар ба духтурон муроҷиат карданд.
Дастаҳои ёрии таъҷилӣ беш аз 20 маротиба ба урдӯгоҳи гурезаҳо сафар кардаанд. Вазъият аз сабаби сардии ҳаво мураккаб гардид. Ҳарорати ҳаво шабона паст мешавад ва муҳоҷиронро ба мушкилии бештар мувоҷеҳ мекунад.
Тайи чанд ҳафтаи ахир чанд ҳазор муҳоҷир дар марзи Беларус ва Лаҳистон ҷамъ омадаанд, то ба кишварҳои Иттиҳодияи Урупо бираванд.
Мақомоти Лаҳистон амнияти сарҳадро таҳким бахшида, низомиёнро гирди ҳам оварда ва аз кӯшиши вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишвар ҷилавгирӣ карда, Минскро дар буҳрони муҳоҷират айбдор мекунанд.
Ҳамаи ин иттиҳомотро Беларус рад мекунад ва иддао дорад, ки Лаҳистон муҳоҷиронро иҷборан ихроҷ мекунад.