Толибон ҷавонеро барои гӯш кардани мусиқӣ дар Бадахшони Афғонистон куштаанд

Ҷавон дар пайи латукӯби ҷангҷӯён дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаанд
Ҳодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух додааст, хабар медиҳад рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.
Воҳидуллоҳ ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ бо телефони ҳамроҳ аз сӯйи толибон кушта шуд.
Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд.
Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст.
Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Тарошидани риш дар бархе аз манотиқи Афғонистон ҳаром эълом шуд
Илова бар ин толибон дар баъзе вилоятҳо тарошидани риш ва кутоҳ кардани мӯйи сар бо усули ғарбиро манъ кардаанд.
Қаблан низ хабарҳо расида буд, ҷангҷӯён дар Бадахшон ва баъзе аз вилоятҳои ин кишвар гӯш ва навохтани мусиқиро мамнуъ эълон карда, афродеро, ки мусиқӣ гӯш мекунанд ё менавозанд, мавриди таъқиб қарор медиҳанд.