ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Мақомдори "Ал-Қоида" ба сари қудрат омадани толибҳо дар Афғонистонро ҳодисаи фаротар аз ин кишвар хондааст.
Халид Батарфӣ, роҳбари бахши арабии созмони мамнуи "Ал-Қоида"* қасби қудрат аз сӯйи толибҳоро фаротар аз ин кишвар хонда, тавзеҳ додааст, ки ин пирӯзии тамоми уммати мусалмон мебошад, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Мақомдорони ин созмони террористӣ "ҳамди Худо" гуфтаанд, ки "бародарони ҷиҳодияшон" муваффақ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки феълан дақиқ нест, толибҳо равобиташонро бо созмони "Ал-Қоида"* кандаанд ё не. Ин талабот дар ҳоле аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ садо медиҳад, ки толибҳо ахиран яке аз фаъолони "Ал-Қоида"*-ро ба мақоми волии Кундуз таъйин намудаанд, зикр кард Sputnik Афғонистон.
Толибҳо нимаи моҳи августи соли равон қудрат дар Афғонистонро ғасб карда, ҳазорҳо шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқ ва дигар мақомдоронро водор ба фирор намуданд.
Дар ҳоле ки аъзои ин гурӯҳи тундрав талоши ба даст овардани эътирофи байналмилалиро дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо дар баробари риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул қатъи равобит бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла "Ал-Қоида"-ро талаб дорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар