Қазияи таҷовузи духтари ноболиғ аз сӯйи муаллим ва дӯстонаш дар Тошканд: чӣ ҷазо гирифтанд

Ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст. Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи 14-соларо водор карданд, ки бо онҳо "шишабозӣ" кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, онҳо талаб карданд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Тошканд омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва ду дӯсти ӯро, ки як хонандаи 14-соларо ба доми худ афтонданд, маҳкум кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба раҳбари тарҳи алайҳи таҷовуз - "NeMolchi.uz" Ирина Матвиенко.
"Модари духтар гуфт, ки мурофиа ба охир расид. Ба ӯ чаҳор сол ва ба ҳамроҳонаш ҳукми ду солии зиндон доданд. Маҳкумшудагон аз толори додгоҳ бурда шуданд. Онҳоро тибқи моддаи 128 (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни шонздаҳ нарасида)-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум ба зиндон карданд", - ӯ гуфт.
Ин модда равобити ҷинсиеро дар назар дорад, ки бо ризоияти тарафҳо, бахусус тарафи зери син сурат мегирад.
Ба гуфти вай, модари хонандаи синфи 8 ва вакилони мудофеи ӯ қасд доранд, муҷозоти сангин муқарар шавад, то гунаҳкорон бар асоси моддаи 118 барои таҷовузи дастаҷамъӣ ба номус (шарҳ аз идора - аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ) муҷрим шинохта шаванд.
Даҳшат: таҷовузи писарбача дар Ҳисор
Тавре Матвиенко қайд кард, духтар ҳамагӣ 14 сол дошт ва бинобар ин ӯ розигии огоҳона дода наметавонист.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаи нангин баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст.
Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи синфи 8-ро водор карданд, ки бо онҳо "шишабозӣ" кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, эшон талаб кардаанд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунад.
Дар натиҷа се мард духтарро фирефта, таҷовуз кардаанд.