ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Корманди милиса дар шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро ҷустуҷӯ доранд, ки дар фиреби ду корафтода муттаҳам мешавад.
Дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ду мард, ки яке сокини 28-солаи Душанбе ва дигари сокини 29-солаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаанд.
Онҳо арз намудаанд, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба умеди гирифтани шаҳрвандии Русия ба як нафар 4 ҳазор доллар "мукофотпулӣ" доданд, вале бо гузашти 5 моҳ кори онҳо ҳал нашуд.
Манбаъ меафзояд, онҳоро як сокини 44-солаи шаҳри Душанбе фиреб дода, маблағи ин ду нафарро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Феълан тафтишоти ин ҳодиса аз тарафи кормандони милитсия идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сомонаи ВУД Русия, ба ҳисоби миёна, ҳамарӯза ҳудуди 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешавад.