Қаҳрамони ҷаҳон шуд: Акмалиддин дар 30-солагӣ ба орзуяш расид

Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик дар риштаи самбо, ки то ҳол панҷ бор ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон расида буд, ниҳоят ҷойи аввалро гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик, ки орзуяш қаҳрамони ҷаҳон шудан арзёбӣ мешуд, ниҳоят дар 30-солагӣ ба ҳадафаш расид.
Дар марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон, ки шоми 12 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, Каримов бар ҳарифаш аз Русия Хертек Саян пирӯз гардида, медали тило ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро гирифт.
Ӯ баъди шикаст додани паҳлавон аз Марокаш дар даври нимниҳоӣ бар варзишгар аз Қазоқистон Булатбек Раимқулов пирӯз шуда, дар даври ниҳоӣ бар ҳарифи русиягияш бо ҳисоби холҳо дастболо гардид.
Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов ба даври ниҳоии Қаҳрамонии самбо роҳ ёфтанд
Инчунин Хушқадам Хусравов низ то марҳилаи ниҳоӣ расида, медали нуқра ва унвони ноиби қаҳрамонро ба даст овард.
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома меёбад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.