Аз бангкашию майнӯшӣ то қарздорию муҳоҷират: ногуфтаҳои Меҳрубони Равшан - видео

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрубони Равшан дар бораи мушклот дар ҳаёти шахсӣ, дурӯягии дӯстон, қарздорию муҳоҷират нақл кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ситораи пешини саҳнаи тоҷик Меҳрубони Равшан дар барномаи "Ногуфтаҳо" мушкилоти зиндагии худро қисса кард.
Сарояндаи шинохтаи тоҷик, ки солҳои охир дар саҳнаҳои бузург кам ҳунарнамоӣ мекунад, ду моҳ пеш, 8 сентябр аз муҳоҷират баргаштааст.
Ӯ аз мушкилоти зиндагии худ қисса ва аз дурӯягии дӯстонаш гила кард, ки зиндагиашро ба "дӯзах" табдил доданд. Сароянда мегӯяд, бо айби дӯсташ ӯ манзили худро аз даст дод ва бехонавудар монду ба майнӯшӣ рӯ овард.
Ба суоли рӯзноманигор дар бораи шаробию бангӣ шудан, сароянда посухи кӯтоҳ дод: "ба нӯшидан дода шудам, аз бандааш чӣ баҷо мекунӣ, ба Аллоҳ ҳама чиз аён аст".
Ҳамин тавр сароянда боз ба моҷарои дигаре рӯ ба рӯ шудааст. Ба дӯстонаш қарз додаасту ҷамоҷамъ (60 ҳазор доллар), баргардониданашон натавонистааст. Дар ҳамин ҳол худи Меҳрубон аз бонк тақрибан 10 ҳазор доллар қарз гирифту барои пардохти он аз тариқи наворе дар "You tube" ба мухлисонаш муроҷиат кардааст. Таърихи ин муроҷиат моҳи майи соли 2020 гуфта мешавад.
Ба гуфтаи сароянда, дар ин кор ба ӯ ҳам мухлисон ва ҳам бархе аз сарояндагон кумак карданд. Ӯ ёрии як сарояндаи занро, ки ба гуфтаи Меҳрубон рафтори "мардона" дорад, махсус қайд кард, вале аз ӯ ном набурд.

"Ман аз ҳамаи мухлисон, муҳоҷирон, дӯстоне, ки дар Тоҷикистон ҳастанд ва онҳое, ки ба ман кумак карданд, миннатдорам", - сипосгузорӣ кард сароянда.

Ҳамин тавр Меҳрубон дар паи қарздориҳо муҳоҷир мешавад. Дар Русия сароянда дар тӯю маъракаҳои мардуми тоҷик дар шаҳрҳои гуногун, аз Маскаву Санкт-Петербруг то Оренбург хидмат кардааст.
Вале он ҷо ҳам фоҷеае ба сараш омада. Дар роҳи бозгашт аз Оренбург сароянда бо ҳамроҳонаш ба садамаи нақлиётӣ дучор мешавад ва дасти росташ сахт ҷароҳат мебардорад. Сароянда мегӯяд, ҳоло ҳамин дасташ хуб рост намешавад.
Хиёнат? Зулайхо Маҳмадшоева сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро гуфт
Феълан сарояндаи тоҷик соҳиби манзил аст, ки мегӯяд, як дӯсташ ба ӯ ҳадя кардааст. Аз шаробу май рӯ гардонидааст ва ба намозу саҷда рӯ овардааст.
Ӯ дар ҳоли эҷоди сурудҳои нав аст ва ният дорад, дубора ба қатори сарояндагони дигар ворид шаваду дар саҳнаҳои бузурги кишвар ҳунарнамоӣ кунад.
Меҳрубони Равшан соҳиби чор фарзанд, ду духтару ду писар мебошад. Духтари бузургаш хонадор аст.