ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Мақомдори амрикоӣ, сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Шефали аз оби чашмаи Носири Хусрав чашиду шеъри нобиғаи адабиёти классики тоҷикро ба забони тоҷикӣ қироат кард ва ба қалъаи Ямчун баромад.
Ин мақомдори амрикоӣ аз меҳмоннавозии мардуми Бадахшон тавсиф карда мегӯяд, боз ба ин макон бармегардад.
Шефали дар назди чашмаи ба номи Носири Хусрав, ки дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, ду мисрае аз эҷодиёти ин нобиғаро қироат кард.
"Салом ба дӯстон аз чашмаи Носири Хусрав. Бисёр оби соф ва ширин. Аз меҳмонавозии мардуми Бадахшон хушҳолам ва умед дорам, ки боз ба ин ҷо баргардам!", - мегӯяд ӯ.
Шефали ҳамчунин аз манзараҳои зебои ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла Қалъаи Ямчун боздид кардааст.
Дар шарҳи наворе, ки ин мақомдори амрикоӣ дар саҳифаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар "Instagram" зери навои суруди овозхони бадахшонӣ Борис - "Ай гул" нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Шефали аз дидани манзараҳои зебои қалъа ҳайратзада шудааст.
Шефали дар ин сафари худ ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарони лоиҳаҳое, ки аз тарафи сафорати Амрико ва USAID маблағгузорӣ шудаанд вохӯрдаасту аз кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дидан намудааст.
Ин ҷо мақомдори амрикоӣ бо ҳайати профессорону донишҷӯён шинос шудааст ва бо донишҷӯён дар бораи ҳамоиши тарафайн - COP26 ва роҳҳои пешгирии тағйирёбии иқлим суҳбат кардааст.