ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ҷараёни муҳоҷират ба рушди бисёре аз бахшҳои иқтисоди Русия таъсири ҷиддӣ ва мусбат расонд, хабар медиҳад "Вместе.рф".
Дар ин бора иштирокчиёни видеоконфронсе, ки дар Шӯрои Федератсияи Русия дар ҳошияи Форуми VII - уми байнипарлумонии "Русия - Тоҷикистон" баргузор шуд, иттилоъ доданд.
Дар ин ҳамоиш ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи таъмини озодиҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон Дилшод Раҳмон намояндагӣ кард.
Коршиносон қайд карданд, ки имрӯз масъалаҳои муҳоҷирати корӣ барои Русия ва Тоҷикистон аҳамияти хоса доранд.
Аксари муҳоҷирони корӣ дар Федератсияи Русия замоне шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, аммо пандемия таъсири ҷиддӣ ба ин раванд ворид кард.
Онҳо махсусан ба сохтмон ва соҳаи хидматрасонӣ рафтанд. Ҳамзамон ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки вазъи корҳо тағйир меёбад ва қонунгузории Русия ба дигаргуниҳое мувоҷеҳ шудааст, ки зиндагии муҳоҷиронро сода ва ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекунад.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсия Владимир Полетаев, ҳоло тавассути портали хадамоти давлатӣ метавон дар самти бақайдгирӣ, дубора бақайдгирии ҳуҷҷатҳои муҳоҷират корҳои зиёдеро анҷом дод.
"Дар робита ба вазъи КОВИД, мо масъалаҳои марбут ба тамдиди патентҳоро сода кардем. Ҳоло ин корро бидуни тарки Русия анҷом додан мумкин аст. Қаблан дар дохили кишвар чанд маротиба аз нав бояд сабтин ом мекардем ва мо масъалаҳои будубош барои оилаҳои шаҳрвандони хориҷиро тасҳил кардем", - гуфт ӯ.
Полетаев таъкид кард, ки ҷониби Русия барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони тоҷик талош мекунад, аммо ҳанӯз дар робита ба сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия камбудӣ ба назар мерасад.