ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ҳукумати Душанбе бо нашри як иттилоия тасдиқ намудаст, ки нияти интиқоли хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба ҷойи дигари мувофиқро дорад, аммо таъкид намудааст, ки ин масъала ҳанӯз низҳоӣ нашудааст.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Академияи милии илмҳои Тоҷикистон барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод намуда буд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.
Таъкид шудааст, ки масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.
Инчунин шаҳрдорӣ илова намудааст, ки дар ҷойи осорхона бунёди ягон намуди бинову иншоот пешбинӣ нагардида, хабарҳо дар бораи онро, ки дар макони Хона-музей меҳмонхона сохта мешавад, такзиб кардаст.
Садриддин Айнӣ, адиби барҷаста, олим, аввалин президенти Академияи илмҳои кишвар ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон мебошад, ки хона-музейаш соли 1978, дар садсолагии зодрӯзи адиб ташкил карда шуда, феълан дар ихтиёри Академияи улум қарор дорад.
Айнӣ соли 1878 дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда, соли 1954 дар шаҳри Душанбе даргузашт.