ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Ӯ яке аз онҳое буд, ки бо тамоми расонаҳо, аз ҷумла Sputnik Тоҷикистон ҳамеша дар пӯшиши хабарҳои шимоли Афғонистон ҳамкорӣ мекард. Генерал Саид Ёсин Содот, муовини собиқи фармондеҳи сипоҳи 209-и “Шоҳин” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳаниф Ризоӣ 27 сентябри соли равон боздошт шуда ва то кунун мафқуд аст.
“Ӯ тавассути афроде, ки мушаххас нашуда, марбут ба кадом мақомоти давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ ҳастанд, аз маҳалли иқоматаш дар маркази шаҳри Кветта боздошт шуд ва то кунун хабар ё асаре аз ӯ дар даст нест. Бино ба иттилое, ки мо дорем, ӯро истихбороти Покистон боздошт ва ба “Толибон” дар Кветта таслим кардааст”, - гуфт Саид Ёсин Содот.
Дар ҳамин ҳол як ҳамсуҳбати дигари Sputnik Тоҷикистон, ки ба далоили амниятӣ исмаш фош намешавад ва дар шаҳри Кветтаи Покистон аст, гуфт, ҳамон шабу рӯзҳо як гурӯҳи номушаххас ба шаҳрвандони фирории Афғонистон дар Кветтаи аёлати Балучистони Покистон ҳамла намуда, ҳудуди 300 корманду афсари пулис, Вазорати дифоъ ва хадамоти амнияти ҳукумати пешини Афғонистонро бо худ бурданд.
“Ин афрод вақте дар маҳалли сукунати фирориён ҳозир мешуданд, суроға ва маълумоти дақиқ аз нафар доштанд. Худро пулис муаррифӣ мекарданд, аммо либоси пулисро надоштанд. Онҳо нафаронро боздошт намуда, ба маконҳои номушаххас интиқол медоданд. Ҳоло суол ин аст, ки Покистон чӣ ҳақ дорад, афсарони Афғонистонро ба толибон таслим кунад? Оё ин хилофи қавонини байналмилалӣ нест?”, - гуфт ӯ.
Ҳаниф Ризоӣ 11 декабри соли 1982 дар деҳаи Мадри вилояти умдатан ҳазоранишини Бомиён таваллуд ёфта, хатмкардаи мактаби мутавассити шаҳри Бомиён ва Донишгоҳи политехникии Кобул аст.
Аз 27 сентябри соли 2017 сухангӯи сипоҳи 209-и “Шоҳин”-и Вазорати дифои пешини Афғонистон таъйин шуда, дар бозтоби фаъолиятҳои ин сипоҳ хеле чирадаст буд ва фаъолтарин сухангӯи урдӯ ба ҳисоб мерафт.
Аксари расонаҳои ҷаҳониву минтақаӣ, аз ҷумла Sputnik Тоҷикистон таҳаввулоти низомӣ дар шимоли Афғонистонро аз тариқи ахбори ӯ пайгирӣ мекарданд.
Сипоҳи 209-и "Шоҳин", нерӯҳои хоси Вазорати дифои Афғонистон бори ҷанг алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимол – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро мекашид.
Илҳом Нарзиев, хабарнигори “Интерфакс” дар Тоҷикистон мегӯяд, охирин бор бо Ҳаниф Ризоӣ рӯзи 23 сентябр тариқи “Имо” тамос гирифт ва ӯ гуфт, ки афроди номаълум вайро аз тариқи телефон таҳдид мекунанд. “Дар “Имо” ҳам ба номи духтараш суҳбат мекард.
"Ӯ талош дошт, ки аз Покистон берун равад, аммо асноди расмӣ, аз ҷумла шиноснома надошт. Пас аз он ман дигар натавонистам бо ӯ тамос барқарор кунам”, - афзуд Илҳом Нарзиев.
Кветта маркази қудрати “Толибон” аст, ки Шӯрои Кветта бо раҳбарии Ҳибатуллоҳ Охундзода дар он қарор дошт. Ҳамзамон дар ин шаҳр дигар ҷараёнҳои ифротӣ, назири “Ал-Қоида” марокизи таблиғӣ ва сарбозгирӣ доранд.
* - Гурӯҳе, ки таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ қарор дорад.