ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Толибон қасд доранд, ба тоҷирон ва соҳибкорон иҷозати гирифтани силоҳро диҳанд, хабар медиҳад "Aamaj News" бо такя ба сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Саиди Хустӣ.
Гуфта мешавад, тоҷирон пас аз ҳалли як қатор мушкилоти фаннӣ иҷозат хоҳанд гирифт, аммо мушаххас гуфта нашудаст, ки чӣ мушкилӣ ҷо дорад.
Хустӣ қайд кард, Вазорати корҳои дохилӣ барои рафъи мушкилоти амниятӣ, ки соҳибкорони афғон рӯ ба рӯ ҳастанд, бисёр талош мекунад.
Қаблан сухангӯи ВКД иттилоъ дода буд, ин вазорат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик ба соҳибкорон муҷаввиз барои силоҳ бидиҳад, то онҳо тавонанд аз худ дифоъ кунанд.
“Мо иҷозатномаҳои куҳнаро гирифта, иҷозатномаи нав медиҳем.
Ёдовар мешавем, моҳи август толибон аз мардуми осоишта талаб карданд, ки аслиҳа ва муҳимоти ҷангии худро таслим кунанд. Дар авоили моҳи октябр харидуфурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ бидуни иҷозатнома мамнуъ эълон шуда буд.