Тақсими ғизо аз ҷониби намояндаи СММ ба муҳоҷирон дар марзи Белорусу Лаҳистон ба моҷаро печид, хабар медиҳад Sputnik Белорус.
Ба иттилои оҷонсӣ, намояндаи Комиссариати СММ дар Белорус Мамо Мулусеу ба урдугоҳи муҳоҷирон омад. Дар гирди ӯ садҳо муҳоҷир ҷамъ омадаанд. Онҳо фавран Мулусейро иҳота карданд, аммо ӯ аз ҳама хоҳиш кард, ки масофаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.
"Тақсими ғизо аз ҷониби намояндаи СММ ба муҳоҷирон ба ҷанҷол табдил ёфт", - қайд мекунад Sputnik.
Аз наворе, ки дар шабакаи Telegram Sputnik Белорус нашр шудааст, нишон медиҳад, ки чанд муҳоҷир занозанӣ мекунанд.
Рӯзи душанбе Кумитаи давлатии марзбонии Белорус хабар дод, ки гурӯҳи бузурги гурезаҳо, аксаран курдҳо, ба самти марзи Белорус ба Лаҳистон равон шудаанд. Зиёда аз 2 ҳазор гуреза, аз ҷумла шумораи зиёди занону кӯдакон, дар хатти сарҳади Лаҳистон ӯрдугоҳ сохтаанд.
Нерӯҳои амниятии Лаҳистон намегузоранд то ба хоки Аврупо ворид шаванд, муҳоҷирон кӯшиш карданд, ки монеаҳоро бартараф кунанд.
Ахиран Литва, Латвия ва Лаҳистон аз афзоиши шумори муҳоҷирони ғайриқонунии боздоштшуда дар марз бо Белорус хабар дода, Минскро дар эҷоди буҳрони муҳоҷират муттаҳам карданд.
Минск ҳама иттиҳомотро рад мекунад. Дар робита ба ин вазъ раисиҷумҳури Лаҳистон дар манотиқи ҳаммарз бо Белорус вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кард, артиш ва пулис ба ҳифзи марз ҷалб шуданд.
Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко қайд кард, ки Минск дигар аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҷилавгирӣ нахоҳад кард: бинобар таҳримҳои Ғарб "на пул ҳасту на кӯшиш". Нерӯҳои марзбонии Белорус борҳо дар бораи ихроҷи иҷбории муҳоҷирон аз ҷониби Литва, Полша ва Латвия ба қаламрави Белорус изҳор доштанд.