Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Даъвати Собянин аз сокинони Маскав барои ниқобпӯшӣ ва истифодаи "Face Pay"

Собянин аз маскавиҳо даъват кард, ки режими ниқобро риоя кунанд ва пардохти бидуни тамосро интихоб намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мири Маскав Сергей Собянин аз маскавиҳо хост, ки режими ниқобро риоя кунанд ва пардохтҳои чиптаро дар метро бидуни тамос, масалан тавассути низоми "Face Pay" интихоб кунанд.

"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки режими ниқобро риоя кунед. Ин як роҳи осони ҳифзи худ ва сироят накардани дигарон аст. Агар имконпазир бошад, пардохти чиптаро бидуни тамос, масалан тавассути низоми "Face Pay" интихоб кунед", - навиштааст Собянин дар саҳифаи "Twitter"-и худ.

Бояд гуфт, вазъи коронавирус дар Русия вахим боқӣ мемонад: дар охири моҳи октябр шумораи ҳаррӯзаи мубталоён бори аввал аз 40 ҳазор нафар гузашт ва 6 ноябр ба ҳадди аксар, 41,3 ҳазор нафар расид.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сиёсатмадор пешниҳод кард, ки ваксинбезорҳо Русияро тарк кунанд
Дар баробари ин дар ин кишвар мизони рекордии фавт аз COVID-19 сабт шудааст: аз 26 октябр инҷониб аз 1,1 ҳазор нафар бештар ҳамарӯза мефавтад.
Оё алайҳи COVID-19 ваксина гирифтани кӯдакон мумкин аст? Посухи пизишк
Ваксина ҳамчун бехатартарин шакли муҳофизат боқӣ мемонад. Имрӯз теъдоди шаҳрвандони Русия, ки ҳадди ақал ваксинаро гирифтаанд, аз 60 миллион нафар бештар аст.
Масъунияти оммавӣ 48 фоизро ташкил медиҳад.