ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Теъдоди паноҳҷӯён дар сартосари ҷаҳон ба 84 миллион нафар расидааст, хабар медиҳад Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон.
Ин ниҳод зикр намудааст, ки шаш моҳ қабл теъдоди паноҳандагон ба 82,4 миллион баробар буд ва ҳамагӣ бо гузашти 6 моҳ сафи онҳо то 84 миллион нафар расидааст.
Коршиносон зӯроварӣ, ноамнӣ ва оқибатҳои тағирёбии иқлимро сабабҳои ҳиҷрати мардум унвон кардаанд.
Гуфта мешавад, аз ҳама беш сафи паноҳандагонро шаҳрвандони Африқои Марказӣ ташкил медиҳанд. Ин кишварро 71,8 ҳазор нафар шаҳрвандаш тарк кардааст.
Ҳамчунин аз Судони Ҷанубӣ 61,7 ҳазор, Сурия 38,8 ҳазор, Афғонистон 25,2 ҳазор ва Нигерия 20,3 ҳазор нафар рафтааст.
Дар миёни кишварҳое, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ теъдоди гурезагони дохилӣ афзоиш ёфтааст, гузоришгарон номи Афғонистон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Мозамбик, Мянмар ва Судони Ҷанубиро зикр намуданд.