ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Задухӯрдҳои марбут ба муҳоҷирон дар Русия ба далели адами маърифати динӣ сурат мегирад. Дар ин бора Рӯшан Аббясов, муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия дар суҳбат бо "Мослента" изҳори андеша кардааст.
Ба ин далел, бисёре аз хориҷиён "тамоми қоидаву қонунҳои исломро поймол карда, барои ҳалли баъзе масъалаҳо аз усулҳои ноҷоиз истифода мекунанд", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Аббясов, муҳоҷирон ба далели зиёд будани мардум дар масоҷиди Маскав наметавонанд ворид шаванд. Ҳоло сарбории масоҷид хеле зиёд шудааст.
"Ин масъала, бахусус дар маҳаллаҳои бозори "Садовод", маркази савдои "Москва" ва бозори "Фуд Сити", ки муҳоҷирони зиёде ба пойтахт омада, дар он ҷой кор мекунанд, доғ аст", - гуфт намояндаи Шӯрои муфтиҳои Федератсияи Русия.
Аз сабаби кам будани масҷидҳо дар шаҳр машғул шудан бо таълими маънавӣ ва тарбияи бештари диндорон номумкин шудааст.
Аббясов таъкид кард, ки дар Маскав марказҳои мусалмонӣ чандон зиёд нестанд ва онҳо серодаманд дар ҳоле ки бисёриҳо мехоҳанд намоз бихонанд.
Мушкилотро метавон бо бунёди масҷидҳои нав ҳал кард, гуфт намояндаи Шӯрои муфтиҳо. Пеш аз ҳама, ин дар маҳалҳои истиқоматӣ, ки дар он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ зиёд вуҷуд дорад, зарур аст.