ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Номаи расмие ба нашр расидааст, ки нишон медиҳад, алайҳи генерал Мубин, чеҳраи телевизионии толибон шикоят дарҷ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи “Афғонистон Интернешнал”.
Ин нома аз сӯйи ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ ба қумандони Кобул фиристода шудааст.
Гуфта шудааст, ки генерал Мубин, дар 9 ақраб як писари хурдсолро дар минтақаи Арзонқимати Кобул таҷовузи ҷинсӣ кардааст.
Ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ ин номаро ба унвони “мавзуи ҳассос” ба қумандони амниятии толибон дар Кобул ирсол карда ва аз генерал Мубин ба унвони “як мақоми шинохташудаи иморати исломӣ ном бурдааст.