Рубл дар Тоҷикистон боз гарон шуд

Асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон давоми як рӯз як сомонӣ гарон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, арзиши 1000 рубл 159 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба нишондиҳандаи рӯзи пеш 1 сомонӣ бештар аст.
Қурби асъори аврупоӣ пас аз коҳиши якбора, дар ҳоли ноустувор қарор дорад. Дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 13.0531 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъор дирӯз 13.0790 арзиш дошт.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ, тибқи иттилои БМТ, низ каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2965 сомонӣ аст, ки ба нишондиҳадаҳои қаблияш наздик мешавад.
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Ҳамчунин, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқарарр шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2965 то 11.3300 сомонӣ;
1 евро аз 13.0531 то 13.1300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1591 то 0.1595 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.