Омодагии Донишгоҳи Урал ба пазириши ройгони донишҷӯёни тоҷик

Фориғ-ут-таҳсилини литсейҳои касбии Тоҷикистон ба таври ройгон дар донишгоҳҳои Урал пазируфта мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ин мавзуъ зимни мулоқоти Қурбонзода Файзидин, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Абдуллоев Ҷумахон, намояндаи Ассотсиатсияи хатмкардагони Донишкадаи политехникии Урал, Донишгоҳи давлатии Урал ва Донишгоҳи федералии Урал дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ройгон қабул гардидани хатмкардагони литсейҳои касбии техникии Тоҷикистон ба Донишгоҳҳои Урал, омода намудани донишҷӯён дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои мутобиқ ба самти фаъолияти вазорат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Имзои ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат ва Донишгоҳи федералии Урал
Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои вобаста ба Ёддошти тафоҳуми дӯстӣ ва ҳамкориҳои муштарак, ки моҳи октябри соли ҷорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи президенти якуми Русия Борис Елсин ба имзо расонида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳҳои Русия ҳазорҳо донишҷӯи тоҷик дар ба таври ройгон ва квотаҳои махсус таҳсил мекунанд.