Афзоиши сохтмони биноҳои бисёрошёна дар Суғд: Дастури Аҳмадзода барои ислоҳи камбудӣ

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд дар ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозии вилоятӣ вазъи сохтмонҳоро баррасӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо дастур додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳукумати Суғд мегӯяд, дар ҳудуди вилоят сохтмони зиёда аз 110 бинои истиқоматии аз панҷошёна боло идома дошта, аксарияташон дар арафаи анҷомёбиянд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, дар маҷмуъ ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду барқарорсозии 7577 иншоот дар нақша буд, аммо дар вилоят тайи солҳои 2018, 2019, 2020 ва 9 моҳи соли ҷорӣ 8 ҳазору 85 иншоот бунёду тармим гардид, ки 106,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Раҳматуллозода тавзеҳ дод, ки чаро дар Душанбе биноҳои 2-4 ошёна тахриб мешаванд
Манбаъ афзуд, ки дар 9 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 325 ҳазору 632 метри муррабаъ манзил сохта ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 102,5 фоизро ташкил намуд.
Таъкиди мақомоти Суғд ба бунёди биноҳои аз панҷошёна боло дар ҳолест, ки қаблан бо қарори ҳукумат барои сарфаи замин дар кӯчаҳои асосии шаҳру навоҳӣ бунёди биноҳои камтар аз панҷошёна мамнуъ шуда буд.
Дар зимн Раҷаббой Аҳмадзода дастур додааст, ки камбудиҳо дар таҳияи нақшаи муфассали кӯчаҳои асосии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Гулистону Бӯстон, маркази ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафаробод ислоҳ карда шаванд.