Русия: Сохтори қудрат дар Афғонистон бояд аз тамоми ақшори ҷомеа намояндагӣ кунад

Дабири Шӯрои амнияти Русия ба эҷоди як давлати фарогир, ки дарбаргирандаи тамоми ақшори ҷомеаи Афғонистон бошад, таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Николай Патрушев, дабири шӯрои амнияти Русия дар Муколамаи минтақавӣ дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Деҳлӣ гуфт, эҷоди як давлати фарогир дар Афғонистон шарти аслии ҷараёни оштии миллии мувафақ дар он кишвар аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар нишасти Деҳлӣ мушовирони амнияти миллии кишварҳои ширкаткунанда бар зарурати ташкили як иродаи кули мардуми Афғонистон ва мутташакил аз намояндагони тамоми нерӯҳои аслии қавмӣ – сиёсӣ бошад, таъкид карданд.
Дафтари матбуоти Шӯрои Амнияти Русия пас аз як нишаст дар Деҳлӣ эълом кард, ки гунҷондан ҳама ақшори ҷомеа дар сохтори идорӣ ва сиёсӣ, ниёзи мубрам ва шарти асосӣ барои раванди муваффақи оштии миллӣ дар Афғонистон аст.
Патрушев иқдомот алайҳи таҳдидҳои бархоста аз Афғонистонро муҳим хонд
Севумин нишасти Муколамаи минтақавӣ дар мавриди Афғонистон субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо мушорикати дабирон ва мушовирони амнияти миллии Ҳинд, Русия, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар Деҳлии Нав ба манзури роизании пиромуни ахирин таҳавулоти амниятӣ минтақа ба мизбонии Ҳинд дар Деҳлии Нав пойтахти ин кишвар оғоз шуд.
Ожонси амнияти миллӣ ва дабирони Шӯрои амният ин ҳашт кишвар дар баёнияҳои ифтитоҳияи кӯтоҳи худ бар талошҳои ҷамъӣ барои муқобилаи таҳдидотӣ монанд терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад ва ироаи кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар қабл аз оғози фасли зимистон таъкид карданд.