ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Иштирокдорони муколама дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Деҳлӣ тасмим гирифтаанд, ки мулоқоти навбатиро соли 2022 баргузор намоянд.
Дар бораи баргузории мулоқоти навбатӣ дар соли 2022 дабирони амният дар як эъломияи муштарак хабар доданд.
Намояндагони Русия мегӯянд, ки дар ин ҳамоиш иштирокдорон ҷонибдорияшонро аз як Афғонистони орому бехатар баён дошта, амалҳои террористӣ дар қаламрави ин кишварро маҳкум карданд.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия аз баргузории муколамаи минтақаӣ дар Деҳлӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки чунин таҷриба бояд тавсеа дода шавад.
"Муҳим аст, ки дар сатҳи баланд тамоми мушкилоти марбути Афғонистон баррасӣ гарданду чораҳо алайҳи чолишу таҳдидҳо аз Афғонистон таҳия шаванд", - илова намуд ӯ.
Дабири Шӯрои амнияти Русия пешниҳод намуд, ки чунин мулоқотҳо бо вуруди масоили мубрами дигари минтақаӣ дар барнома тавсеа дода шаванд.
Муколама дар шаҳри Деҳлӣ бо иштироки намояндагони мақомоти амниятии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт.
Аз Тоҷикистон Насурулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти кишвар дар ин мулоқот иштирок карда, омодагии Душанберо барои кумак ба мардуми Афғонистон баён дошт.