Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Кумаки низомии Қазоқистон ба Тоҷикистон дар шароити ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон

Кумаки низомии Қазоқистон барои Тоҷикистон комилан ройгон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Мақомоти Қазоқистон дар ҳоли ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки низомӣ хоҳанд кард.
Ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомиро комилан ройгон ирсол хоҳад кард.
Лоиҳаҳои қонун дар бораи тасвиби созишномаҳои дахлдорро вакилони палатаи поёнии парлумони Қазоқистон ба тасвиб расонданд.
17 апрели соли равон дар шаҳри Нурсултон Созишнома миёни ҳукуматҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи ирсоли кӯмаки бебозгашти низомӣ ба имзо расид.
Ин санад дар чаҳорчӯби иҷрои дастури раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2020 ва дар асоси дархости Душанбе дар мавриди ироаи кумакҳои низомӣ-техникӣ ба тасвиб расидааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Кумаки низомӣ ба Тоҷикистон ба баҳс бо Қирғизистон рабте надорад: шарҳи Қазоқистон
Муовини вазири дифои Қазоқистон Руслан Шпекбоев гуфт: "Ин созишнома таҳвили таҷҳизоти низомӣ, бахусус муҳимоти ҷангӣ ба Тоҷикистонро шомил мешавад".
Мушаххас шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳақ надорад, моликияти низомиро дар ихтиёри тарафи сеюм гузорад.
Ба гуфтаи Шпекбоев, интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон ба вазъи ҷангӣ ва тавоноии дифоии Қазоқистон таъсире нахоҳад гузошт.
Ҳамчунин вакилони қазоқ созишномаи мазкур бо Душанбе дар бораи ироаи кумакҳои низомӣ барои таъмини амният дар манотиқи марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб карданд.
Гуфта мешавад, дар иртибот бо афзоиши чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ироаи кумакҳои низомӣ қудрати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод.