ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ожонсии федералии биотиббии Русия марҳилаи дуюми озмоишҳои клиникии доруи коронавируси "Мир-19"-ро ба анҷом мерасонад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба гуфтаи сардори раёсат Вероника Сквортсова, оҷонсӣ барои сабти номи он ҳуҷҷат пешниҳод кардааст ва ин раванд бояд на дертар аз моҳи декабр анҷом шавад.
"МИР 19" як доруи зиддивирусии этиотропӣ аст, ки барои муолиҷаи COVID-19 таҳия шудааст. Марҳилаи дувуми озмоишҳои клиникии дору дар ҳоли анҷомёбист", - гуфт Сквортсова дар даҳумин Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии "Ташхиси молекулярӣ-2021".
Ба гуфтаи таҳиягарон, ин ваксинаи зидди COVID-19 набуда, балки доруест, ки аз роҳи бинӣ ба бадани инсон ворид карда мешавад ва таъсири манфӣ ба саломатӣ надорад.
"МИР 19" аз ду ҷузъ иборат аст: агенти фаъол - РНК-ҳои хурди дахолаткунанда - ва пептиди интиқолдиҳанда. Он ба қисми геноми коронавирус таъсир ва аз афзоиши вирус пешгирӣ мекунад.
Тавре дар Вазорати тандурустии Русия қайд карданд, эмкунӣ боэътимодтарин воситаи муҳофизат аз коронавирус мебошад.
Тибқи маълумоти вазорат, фоизи эмгузаронӣ дар байни беморони вазнин камтар аз 0,03% -ро ташкил медиҳад ва аксарияти кулли бемороне, ки дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд, ваксина нагирифтаанд.
Дар бораи таҳияи доруҳо барои табобати мушаххаси коронавирус ширкатҳои амрикоии "Pfizer" ва "Gilead Sciences" ва "Merck"-и бритониёӣ низ хабар доданд.