Хатари фурӯпошии низоми беҳдоштии Афғонистон

Пас аз он ки Амрико захоири Бонки марказии Афғонистонро мунҷамид кард, марказҳои дармонӣ дар бахшҳое аз Афғонистон таътил ва дар пойтахти ин кишвар низ бисёре аз бемористонҳо бо камтарин имконот фаъолият мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бо ба итмом расидани захоири дору бемористонҳои Афғонистон дар шароити номатлубе қарор гирифтаанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба “Франс -24”.
Тибқи иттилои манбаъ, як парастори бемористони Вазир Акбархон дар Кобул ба хабаргузории “Франс -24” гуфтааст, ки "дар гузашта барои беморони қалб дар ин бемористон дору таҳия мекардем, аммо дар ҳоли ҳозир як доруи сода ҳам мавҷуд нест".
Афзоиши кишти кӯкнор дар Афғонистон
Бояд гуфт, чанде пеш Созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар гузорише гуфта буд, ки беш аз ду ҳазор маркази дармонии Афғонистон дар остонаи зимистон ба далели надоштани таҷҳизоту дору фаъолияти худро қатъ кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки пас аз ба қудрат расидани толибон Амрико захоири Бонки марказии Афғонистонро масдуд карда ва гуфта, ки сиёсати ин кишвар адами иҷозаи дастрасии толибон ба пули нақд аст.