Гузашти ҳарбӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид
Дар чорабинии идона зикр шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ қадрдонӣ шуданд
Дар парад баробари мардон инчунин занон аз бахшҳои гуногуни Вазорати умури дохилӣ иштирок карданд
Занони корманди мақомоти умури дохилӣ ҳангоми гузашти ҳарбӣ
Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпуши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ, гузошта шуда буд
Навъи мошинҳои кормандони милиса, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешаванд
Нерӯҳои таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ ҳангоми паради ҳарбӣ
Таъкид шуд, ки дар даҳ соли охир маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуд
Инчунин дар ҳамоиши идона зикр шуд, ки тайи даҳсолаи охир музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд
Дар даврони истиқлол инчунин 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд
Аз маъмурини милиса даъват шуд, ки дар шароити мураккаб ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳимояи амнияту тартибот бошанд
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони далер манфиатҳои давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас медонанд
Дар ҷашни милисаҳо илова шуд, ки талошҳо барои таҳкими моддии мақомоти умури дохилӣ идома хоҳанд кард