Эрон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Ба афғонистониҳо кумак кунед, то ба марзҳои мо наоянд

Вазири дохилаи Эрон бо ишора ба мавҷи ҷадиди муҳоҷирати афғонистониҳо ба ин кишвар аз кишварҳои ҷаҳон хост, ба Афғонистон кумак кунанд, то онҳо маҷбур нашаванд, худро ба марзҳои Эрон бирасонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Аҳмади Воҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон ахиран дар баёнияе изҳор доштааст, дар сурате ки барои ҳалли буҳрони иқтисодии Афғонистон кумак нашавад, мавҷи тозаи муҳоҷирон на танҳо Эрон, балки кишварҳои аврупоиро низ таҳдид хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Хуб, мо чӣ кор кунем? Чаро кумак ба афғонистониҳо ҳамрасонӣ намешавад? Чаро пулашон баста аст? Дар ҳоле ки маҳз ин кумакҳо онҳоро дар он ҷо нигоҳ медоранд; кумаке, ки онҳо маҷбур намешаванд, хона ва кошонаҳояшонро раҳо кунанд ва биёянд лаби марзҳо”, - гуфт вазири умури дохилии Эрон.

Ин мақомдори эронӣ ҳамчунин таъйид кард, ки ҳазорон паноҳанда аз Афғонистон ҳамарӯза барои убури марзи Эрон талош доранд.
“Мо рӯзона чанд ҳазор нафар муроҷиакунанда дар марзҳои худамон бо Афғонистон дорем ва агар ин муҳоҷиратҳо дар Эрон боқӣ намонад, ба Туркия ва аз он ҷо ба кишварҳои аврупоӣ мераванд”, - афзуд вай.
Эрон: Мушкилоти вуруди мошинҳои эронӣ ба Афғонистон бартараф шуд
Ба гуфтаи оқои Воҳидӣ, Эрон дар ҳоли ҳозир мизбони 3,5 миллион муҳоҷир аз Афғонистон аст ва бисёре аз афғонистониҳо пас аз омадани толибон ба сари қудрат дар моҳи августи соли равон талош доранд, кишварашонро тарк намоянд.
Эрон аз эҳтимоли мавҷи нави муҳоҷират аз Афғонистон ба кишварҳои аврупоӣ ҳушдор дод, дар ҳоле ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид дар моҳҳои ахир аз эҳтимоли буҳрони башарӣ дар Афғонистон хабар дода буд.