ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар нақби Соланг дар Афғонистон, ки қаблан акси Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Эътилофи Шимол онро зеб медод, ҳоло нишони гурӯҳ насб гардидааст.
Акси Аҳмадшоҳи Масъудро ҷангиёни толиб барканданд ва ба ҷойи он нишони гурӯҳашонро гузоштанд.
Дар нақби мазкур, ки чанде боз корҳои таъмиру тармим ҷараён дорад, ҳоло аз қисмати рост навиштаҷоти "Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули ӯ" ҷо дода шудааст. Дар қисмати чапи нақб бояд навиштаҷоти "Аморати исломии Афғонистон" насб шавад.
Дар ҳамин ҳол Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи гурӯҳи тундгаро изҳор дошт, ки таъмири қитъаи 30-километрии шоҳроҳ дар ағбаи Соланг ба анҷом расида, системаи таъмини барқ низ дар он пурра тармим шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҷангиёни толиб мақбараи Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро қисман тахриб намуда буданд.