ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, арзиши 1000 рубл 157 сомонӣ арзиш дорад, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои охири ҳафтаи гузашта бетағйир боқӣ мондааст.
Қурби асъори аврупоӣ бошад, боз коҳиш ёфтааст. Дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 13.0161 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Дар ҳамин ҳол қурби асъори амрикоӣ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2844 сомонӣ аст.
Асъори амрикоӣ низ вазъи шиновар дорад.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 11.2844 то 11.2900 сомонӣ; 1 евро аз 13.0161 то 13.2100 сомонӣ ва барои 1 рубли русӣ аз 0.1571 то 0.1595 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.