ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Маскав умедвор аст, ки "Толибон"* вазъро дар Афғонистон ба эътидол меорад ва аз густариши таҳдидҳо ба берун аз кишвар ҷилавгирӣ мекунад, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Мо дар ҳалли масъалаи Афғонистон бархӯрдҳои муштарак дорем ва интизорем, ки тамоми ҳадафҳои эълоншудаи "Толибон"*, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъ дар кишвар, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз густариши низоъ ба кишварҳои ҳамсоя амалӣ хоҳанд шуд.
Ва албатта, таъмини ҳукумати фарогир, ки бояд тамоми нерӯҳои асосии этносиёсии кишварро дар бар гирад", - гуфт Лавров дар пайи мулоқот бо котиби равобит бо давлатҳои Ватикан, архиепископ Пол Ричард Галлагер.
Пештар "Российская газета" навишта буд, ки Русия ва Қазоқистон аз мавқеи ба ҳам мувофиқ бо ҳукумати нави толибон муколама ба роҳ мемонанд.
Лавров қайд мекунад, ки Русия ва Қазоқистон мавқеҳои шабеҳ дошта, бо ҳукумати муваққати Афғонистон барои созиши пойдори байни афғонҳо ва амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ муколама роҳандозӣ мекунанд.
"Муттаҳадӣ ба мо дар ҳалли мушкилоти амалиётӣ кумак мекунад. Мо мунтазам таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддирро, ки аз Афғонистон бармеояд, якҷоя таҳлил мекунем”, - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.
* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.