ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Чаро нӯшидани нӯшокиҳои аз ҳад гарм метавонад ба ҳаёт таҳдид кунад? Дар ин бора табиби рус Сури Дадашева нақл кард.
Ба гуфтаи табиб, аксари одамон нӯшидани чой, қаҳва ва дигар нӯшокиҳоро дар ҳоли гармияшон дӯст медоранд, ки ин боиси сар задани саратони сурхрӯда мешавад.
"Нӯшокиҳои гарм ба ҳуҷайраҳои сатҳи дарунии сурхрӯда осеб расонида, ҷароҳатҳои хурд ба вуҷуд меоранд, ки баъдан боиси пайдоиши саратон мегардад," - гуфт духтур.
Вай ёдовар шуд, ки ҳангоми нӯшидани нӯшокиҳои гарм эҳтиёт бояд кард.
Нӯшокиҳоро бояд қадре хунук кард ё ба онҳо шири сард илова намуд, менависад РИА "Новости".