ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳукумати ВМКБ гузориш дод, ки ин ҷашн дар театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров бо иштироки муовини якуми вазири умури дохилӣ, генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода ва муовини раиси КДАМ, генерал Нусратуллоҳ Мирзоев баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, Алишер Мирзонабот ҳамаи кормандони мақомоти умури дохилиро бо Рӯзи милитсия шодбош гуфта, аз шароити вазнини ин мақомот дар рӯзҳои аввали таъсисёбии он ёдоварӣ кард.
"Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуданд. Дар тӯли солҳои зиёд аз рӯзи таъсисёбии мақомоти милитсия ба уҳдаи ин кормандони корҳои дохила вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуд", - изҳор дошт раиси навтаъйини ВМКБ.
Ӯ афзуд, он шароити мушкил аз мақомоти милиса маҳорату ҷасорати махсус ва талоши содиқонаю софдилона талаб мекард .
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохилӣ заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд, илова намудааст раиси вилоят.
Маврид ба зикр аст, соли 2012 дар Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он, 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил мегардад.