Русия "Telegram" ва "Google"-ро боз ҷарима баст

Додгоҳи ноҳияи Тагански шаҳри Маскав ширкатҳои "Telegram" ва "Google"-ро барои саркашию радди поксозии мавод боз ҷарима баст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Додгоҳ "Google"-ро барои пок накардани матлаби мамнуъ боз ду миллион рубл ҷарима баст, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба сухангӯи додгоҳ Зулфия Гуриник.
Бо қарори додгоҳ "Google" LLC дар нақзи қоидаҳои маъмурӣ гунаҳкор дониста ва ба пардохти 2 миллион рубл ҷаримаи маъмурӣ муваззаф шуд.
Тибқи қарори дигари додгоҳ, паёмрасони "Telegram" низ барои радди дархости пок кардани матолиби мамнуъ дар қоидвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста ва ба пардохти 4 миллион рубл уҳдадор шудааст.
Роскомнадзор натиҷаи санҷишҳоро дар Twitter, Facebook ва Google ошкор кард
Мақомоти додгоҳ мегӯянд, чунин қарорҳо алайҳи чанд ширкати дигар низ дар назар аст.
Додгоҳҳои Русия то аввали моҳи ноябри соли равон дар маҷмуъ "Facebook", "Twitter", "Telegram", "Google" ва "TikTok"-ро барои тоза накардани ахбори мамнуъ дар ҳаҷми 180 миллион рубл ҷарима бастаанд. Аз ҷумла "Telegram" то аввали ноябр ба маблағи 35 миллион рубл ва "Google" ба андозаи 32,5 миллион рубл ҷарима шудаанд.