Размоиши нави Русия дар Тоҷикистон

Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон размоиши нав сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Русия дар размоишгоҳҳои Тоҷикистон мунтазам тамринҳои низомӣ баргузор мекунад, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, генерали рус Александр Лапин.
Қарор аст, ин размоиш дар нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор шавад.
"Дар Тоҷикистон машқҳои вижае хоҳем дошт, боз бармегардем. Аллакай дар нимаи дуюми моҳи ноябр машқҳои нерӯҳои вижа дар тамрингоҳи Лоҳур сурат мегиранд", - гуфт ӯ дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони марҳилаи ноҳиявии Фестивали матбуотии "Central Mediaas 2021".
Аммо оқои Лапин дақиқ нагуфт, ки чанд низомӣ дар ин тамринҳо иштирок хоҳанд кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сенарияи бадтарин": ҳадафи аслии тамрин дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маълум шуд
Фармондеҳ ҳамчунин ёдовар шуд, ки Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар заминаи таназзули вазъи низомию сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя беш аз 20 тамрини ғайримуқаррарӣ дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор кардааст.
Вай дар бораи муҳимтарин размоишҳои ахир дар Харбмайдон, Момирак, Самбулӣ, Лоҳур ёдовар шуд.
Қаблан сухангӯи СААД Владимир Зайнетдинов аз баргузории тамриноти махсуси тактикии "Кобалт-2021" дар Тоҷикистон хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар он ҷо саркӯб кардани фаъолияти дастаҳои мусаллаҳи роҳзан тамрин хоҳад шуд.