ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Меъроҷиддин, ки умрашро ба кори сохтмонӣ ва меъморӣ гузаронда буд ва машҳур ба Халифа Меъроҷ буд, рӯзи гузашта бо беш аз як қарн зиндагӣ, дар синни 120-солагӣ вафот кард.
Наздикони Халифа Меъроҷ сабаби марги ӯро пирӣ донистаанд.
Солеҳ Муҳаммади Холиқ, раиси собиқи Идораи истихборот ва фарҳанги Балх ва аз наздикони ин пирамард гуфт, Халифа Меъроҷ дар ҳоле ки меъмори коршинос буд, дар муоширати иҷтимоӣ низ як шахсияти хушодоб буд.
Вай ба ҷуз аз осори меъмории худ табиати шоирӣ дошт ва гоҳ-гоҳ аз ашъори худу шоирони бузурге ба монанди Ҳофизу Саъдӣ ва Румӣ қироат мекард.
Ӯ дар ташкили вилояти Балх нақши муҳим бозидааст ва ҳамчун меъмори Балх маъруф аст. Вай бисёре аз сохтмонҳои ин вилоят, аз ҷумла таъмири мақоми вилояти Балхро ба дастони ӯ сохта шудааст.
Иллати дарозумрии вай варзиш, корҳои физикӣ ва ривояти шеваи солими зиндагӣ номида шудааст.