"Истиқлол" тасдиқ кард, ки ду бозингараш ба "Персеполис" пайвастанд - акс

Ду футболбози ҷавони тоҷикистонӣ ба тими "Персеполис"-и Эрон пайваст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе тасдиқ кард, ки бо дастаи "Персеполис" дар мавриди трансфери ду футболбози ҷавон созиш ҳосил шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз "Истиқлол" Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ба "Персеполис" пайвастанд ва 8 ноябр озими Эрон шуданд.
Интизор меравад, ки дар Теҳрон баъди ташхиси тиббӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо намоянд, ки муҳлати амалаш то 30 июни соли 2024 хоҳад буд.
Бошгоҳи шаҳри Душанбе ба ин ду футболбози ҷавон изҳори сипос карда, дар тими ҷадид барояшон муваффақият хостааст.
Ҳаннонов ва Сафаров дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон низ дар мавқеи ҳимоя бозӣ мекунанд.
Қаблан расонаҳои варзишии Эрон гузориш доданд, ки Ваҳдат Ҳаннонов, дифоъгари рости 21-сола ва Манучеҳр Сафаров, бозикуни хатти миёнии 20-солаи тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи мудирони тими футболи "Персполис" қарор гирифтаанд.