ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарифова соли 2021-ро хеле пурмаҳсул гузаронида, дар мусобиқаҳо соҳиби чандин медалу ҷоиза ва соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио гардид.
Шояд аз ин хотир таваҷуҳ аз хориҷ ба вай афзуда, ӯро барои таҳсил дар як коллеҷи Канада даъват кардаанд. Ӯ низ аз ин фурсат истифода бурда, рафтааст.
Худи Гулсумбӣ Шарифова дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи дурнамои ояндааш бо худдорӣ ҳарф зад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло барои ӯ муҳим аст, ки аз захм шифо ёбад ва пурра ба таҳсил машғул шавад. Боқимонда баъдтар маълум мешавад, гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, варзишкори шинохта пеш аз Бозиҳои олимпии Токио ҷароҳат бардошта буд ва ҳоло дар марҳилаи барқароршавӣ қарор дорад.
Хусусияти ҷароҳат имкон намедиҳад, ки дар мусобиқаҳо пурра иштирок кунад ва табобати дарозмуддатро талаб мекунад.
Оё Гулсумбӣ Шарифова акнун ба тими миллии варзиши сабуки Тоҷикистон ҷалб мешавад? Саволи норафшан аст, зеро даванда ҳанӯз ба худ наомадааст. Дар ҳамин ҳол, мураббии ӯ Рустам Абдуллоев маҷбур шуд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва ҳоло маълум нест, ки кӣ метавонад мураббии Шарифова шавад.