Байденро дар Бритония барои интиқодаш аз Путин сарзаниш карданд

Дар Британия Конфронси иқлим мавриди интиқоди сахт қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Конфронси иқлим дар Глазго ба "сирк бо сардории масхарабозон" табдил ёфт. Дар ин бора хонандагони рӯзномаи бритонии "The Times" ибрози назар намудаанд.
Онҳо қайд карданд, ки аксари раҳбарони ҷаҳон танҳо барои худро нишон додан дар ин нишаст ширкат мекунанд, сиёсатмадорон суханони баланд, вале хушку холӣ арз мекунанду нияти нек надоранд.
Ба гуфтаи сокинони Британия, Ғарб дар бораи аҳамияти тағйири иқлим бисёр ҳарф мезанад, аммо тақрибан ҳеҷ коре намекунад.
Путин таассуроти худро аз мулоқот бо Байден гуфт - видео
Илова бар ин корбарон изҳороти раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден алайҳи раҳбари Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Чин Си Ҷинпинро интиқод кардаанд.
Ёдовар мешавем, раҳбари Амрико аз он изҳори таассуф кард, ки сарони давлатҳо шахсан ба конфронс наомадаанд, балки дар мулоқот онлайнӣ ширкат доштанд.
"Путин, Си ва дигарон одамони оқил ҳастанд ва аз истифодаи ангишт, нафт ва газ даст кашиданӣ нестанд, - навиштааст як хонандаи ин рӯзнома.
Як корбари дигар навиштааст, ки Си ва президент Путин воқеан ба ҳоли мо механданд, бахусус бо назардошти "дастовардҳо"-и ин ҳамоиш.
Бисёриҳо илова карданд, ки Ғарб дар талоши дур шудан аз сӯзишвории истихроҷшаванда аз воқеият ҳарчи бештар ҷудо мешавад.