Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маълум шуд, ки чӣ миқор антител инсонро аз штамми "делта" ҳифз мекунад

Нафароне, ки 300 ва ё бештар аз он антител доранд, аз коронавирус эмин мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея барои муайян кардани мизони антитела дар ҷиҳати муҳофизати пурра аз штамми делта тадқиқот гузаронд, гуфт роҳбари марказ Александр Гинтсбург дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия".

"Мо дарёфтем, ки 300 антитела инсонро комилан аз "делта" муҳофизат мекунанд", - гуфт мудири марказ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, 500 адад ё бештар аз он антитела хатари бемориро ба маротиб коҳиш медиҳад.
Гуфта мешавад, намояндагони ин марказ пас аз таҳқиқи маълумоти чор ҳазор сокинони Маскав ба чунин хулоса омадаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бурузи штамми нави коронавирус дар Русия
Қаблан узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, роҳбари лабораторияи паҳншавии ҳуҷайраҳои Институти биологияи молекулярии ба номи Энгелгард Петр Чумаков даъват карда буд, ки дар Русия ваксинзании ҳатмӣ пиёда шавад. Ба таъкиди ӯ, моякӯбии ҳатмӣ хатари пайдо шудани штаммҳои хатарноки коронавирусро коҳиш медиҳад.