ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Билол Каримӣ, муовини сухангӯи “Толибон”* мегӯяд, онҳо талош доранд, ба кобинаи вазирон афроди ҳирфаӣ таъйин кунанд.
“Ҳукумат дар ҳоли такмил шудан аст. Ин ҳукумат ақшор ва истеъдодҳоеро, ки аз ҳамаи бахшҳои кишвар намояндагӣ мекунанд, шомил хоҳад шуд”, - гуфт Каримӣ.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки тақрибан се моҳ пас аз таъсиси ҳукумати нав дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол онро ба расмият нашнохтааст ва барои таъсиси ҳукумати фарогир дархост мекунанд.
Аз сӯйи дигар бархе аз шаҳрвандон аз раҳбарони ҳукумат даъват мекунанд, ки барои сохтани артиши муқаррарӣ аз кадрҳои низомии собиқ истифода кунанд.
Таъсиси як ҳукумати фарогир яке аз шартҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша таъкид мекунад.
"Толибон"* аз замони ба даст овардани қудрат дар Афғонистон дар талоши он аст, ки ҷаҳон онҳоро ба расмият бишиносад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистонро ба бархӯрди ин гурӯҳ ба масоили ҳуқуқи башар вобаста кардааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон