ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Темур Раҳимов, ҷудокори тоҷик дар даври нимниҳоӣ рақиби олмонияш, Ҳейнле Свенро шикаст дода ба марҳилаи ниҳоӣ расид.
Бар асоси натиҷаҳои "Baku Grand slam - 2021" дар риштаи ҷудо, дар вазни беш аз 100 кило паҳлавони тоҷик бо Саито Татсурои ҷопонӣ вориди майдон мешавад. Ин зӯрозомоӣ барои медали тилло шоми 7 ноябр дар назар аст.
Ин дар ҳолест, паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки аз номи Русия дар мусобиқаи "Grand slam Baku - 2021" иштирок мекард, рақиби ҷопонияшро шикаст дода, ҷойи аввалро гирифт.
Маҳмадбеков дар Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқаҳо аз номи ин кишвар баромад мекунад.
Дар маҷмуъ дар шаҳри Боку Маҳмадбеков дар вазни 73 кило дар панҷ рақобат ҳарифонашро шикаст дода, дар финал варзишгари ҷопониро низ мағлуб кард.