ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов, ки дар даври нимниҳоӣ рақиби олмонияш Ҳейнле Свенро шикаст дода буд, дар марҳилаи ниҳоӣ аз рақиби ҷопонияш шикаст хӯрд.
Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар финал бо Саито Татсурои ҷопонӣ вориди майдон шуд. Ин зӯрозомоӣ барои медали тило шоми 7 ноябр бо пирӯзии паҳлавони ҷопонӣ анҷомид.
Корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ Раҳимовро шодбош гуфта, медали нуқраро низ дар чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дастоварди бузург хондаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки аз номи Русия дар мусобиқаи "Grand slam Baku - 2021" иштирок мекард, рақиби ҷопонияшро шикаст дода, ҷойи аввалро гирифт.
Маҳмадбеков дар Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқаҳо аз ном ин кишвар баромад мекунад.
Дар маҷмуъ дар шаҳри Боку Маҳмадбеков дар вазни 73 кило дар панҷ рақобат ҳарифонашро шикаст дода, дар финал варзишгари ҷопониро низ мағлуб кард.