ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Муҳаммад Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон”* дар Қатар гуфт, Ашраф Ғанӣ бо эълони афви уммумӣ аз сӯйи “Толибон”* бахшида шуда ва масъалаи интиқоли пул тавасути вай ҳанӯз рӯшан нест.
Сухангӯи дафтари сиёсии "Толибон"* дар Доҳа ба расонаҳои хабарии Афғонистон изҳор доштааст: "Шумо дар ҷараён ҳастед, ки аз тарафи амир-ул-муъминин ба шакли ом афви умумӣ сурат гирифтааст ва мавзӯи интиқоли пул тавассути Ғанӣ ба хориҷ аз кишвар ҳанӯз барои “Толибон”* рӯшан ва мустанад нест ва то ин мавзуъ рӯшан нашавад, наметавон дар ин маврид сухане гуфт".
Қаблан Никита Ишенко, котиби матбуотии сафорати Русия дар Кобул пас аз фирори раисҷумҳури Афғонистон гуфт: Ашраф Ғанӣ мехост бо чаҳор мошини пур аз пул фирор кунад, аммо ҳамааш тибқи нақша сурат нагирифт ва як қисми пул дар фурудгоҳи Кобул монд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати муваққати “Толибон”* гуфт, ҳукумати нави Афғонистон истирдоди Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро, ки аз кишвар фирор кард, намехоҳад, балки мехоҳад пули ҳукуматро, ки бо худ бурда буд, баргардонад.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар моҳи августи соли ҷорӣ, пеш аз воридшавии “Толибон”* ба пойтахти Афғонистон аз Кобул фирор кард.
Пас аз се рӯз ӯ як паёми видеоӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нашр кард, ки ваъда додааст, ки ба ватанаш бармегардад.
Дар авоили моҳи сентябр “Толибон”* аз таъсиси ҳукумати муваққат дар Афғонистон хабар дод ва ҷангҷӯён тамоми вилоятҳои Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд. Раҳбарии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд бар уҳда дорад, ки дар давраи аввали ҳукумати “Толибон”* вазири хориҷа буд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон