Ҳушдори мақомдорони Хатлон: Зимистони оянда аз гузашта сардтар хоҳад шуд

Роҳбарияти вилояти Хатлон ҳушдор додааст, ки зимистони имсола нисбати соли гузашта сардтар хоҳад шуд. Масъулини вилоят омодагиҳо ба фасли сарморо баррасӣ карда, аз камбудиҳо гуфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҳукумати вилояти Хатлон гузориш дод, ки то аввали моҳи ноябр нақшаи захираи ангишт дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ аз 20 то 80 дарсад таъмин гардидаст.
Дастрасӣ ба ҳезум низ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Муъминобод, ва Шамсиддини Шоҳин аз 30 то 40 фисад таъмин гардидааст, хабар дод "Ховар" бо такя ба ҳукумати Хатлон.
“Нархҳои ғайрисобит”: чаро қимати сӯзишворӣ боло рафту боз меравад?
Дар феҳрасти камбудиҳо зикр шудааст, ки захираи сӯзишвории дизелӣ дар баъзе шаҳру навоҳӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Заробиддин Файзуллозода, ноиби раиси Хатлон, ки ҳамчунин раиси Ситоди вилоятии зимистонгузаронӣ низ мебошад, масъулини шаҳру ноҳияҳоеро, ки омодагиашон ба фасли сармо дар сатҳи зарурӣ нест, интиқод намуда, таъкид кардааст, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд.
Ноиби раиси Хатлон як ҳафта муҳлат додааст, то масъулин норасоиҳо дар омодагиҳо ба зимистонро бартараф кунанду ва аз кори анҷомдодаашон ба мақомоти иҷроияи вилоят гузориш диҳанд.