ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамтои австрягии худро ба ҳузур пазируфт.
Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе мулоқоти Муҳриддин бо Вазири федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Михаэл Линҳарт баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Ҳамзамон масъалаҳои амнияти минтақаӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир низ мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор гирифт.