ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Омори коронаврус дар Русия рӯз аз рӯз вахимтар мегардад. Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронаврус дар ин кишвар мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар Русия 41 335 нафар тоза гирифтори ин дард шуд. Ҳамакнун теъдоди умумии гирифторон ба 8 755 930 нафар баробар шудааст.
Манбаъ меафзояд, давоми 24 соат 3138 нафар дар Санкт-Петербург, 1621 нафар дар вилояти Самара, 795 нафар дар вилояти Воронеж, 795 нафар дар вилояти Нижний Новгород, 776 нафар дар Ҷумҳурии Қрим гирифтори вируси COVID-19 гардидааст.
Зимнан, шумораи шаҳрвандоне, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, дар як рӯз 29 201 нафар афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 7 535 172 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол теъдоди фавтидагон бар асари коронавирус дар Русия дар як рӯз 1188 нафар ҷон гуфта мешавад. Дар маҷмуъ, аз оғози пандемия 245,635 нафар фавтидааст. Аз ҷумла, дар Санкт-Петербург 86, дар кишвари Краснодар 46, дар Ставропол ва Перм 41 ва дар вилояти Воронеж 40 мавриди фавт ба қайд гирифта шудааст.