ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Муҳоҷирони корӣ дар рӯзҳои ғайрикорӣ, аз 28 октябр то 7 ноябр ба тарки Русия шитофтанд. Дар ин бора "Forbes" менависад.
Ба гуфти раиси ширкати "Благо Мигрант" Илгиза Якшибоева, пас аз эълони рӯзҳои ғайрикорӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург, талабот ба билет аз Русия ба дигар кишвар 90 дарсад афзоиш ёфтааст.
"Муҳоҷирон, ки дар Русия кор мекунанд, бо назардошти мавҷҳои қаблии коронавирус, метарсанд дар кишвари бегона бе маблағ монанд" , - гуфт ӯ.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019, ҳоло талабот ба билет 40 дарсад афзоиш ёфтааст, гуфт Наталя Анисимова, сухангӯи "Tutu.ru".
Вай таъкид кард, кишварҳое, ки муҳоҷирон аз Русия ба онҳо мераванд, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва Озарбойҷонанд.
Портали "OneTwoTrip" бошад, аз афзоиши бештари дархостҳо барои харидани чиптаҳо ба Тоҷикистон хабар додааст. Аммо макони маъмултарин барои сафар, тибқи ин манбаъ, Арманистон буд.
Афзоиши талабот боиси боло рафтани нархи чипта шудааст, гуфт Якшибоева.
Авоили моҳи октябр қимати билет ба Ӯзбекистон ё Тоҷикистон аз 7 то 12 ҳазор рублро ташкил медод.
"Баъди хабар дар бораи рӯзҳои таътил он беш аз ду баробар афзоиш ёфт. Ҳафтаи гузашта мо шаҳрвандонро аз Маскав ба Тошканду Душанбе ба маблағи 20 ҳазор ва ҳатто 30 ҳазор рубл фиристодем", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол корфармоён боз аз нарасидани кадрҳо дар соҳаҳои сохтмон, хидматрасонӣ, нақлиёт ва логистика шикоят карданд.