Ҷабборов бо муовини нахуствазири Тоҷикистон мулоқот кард: аз чӣ гуфтанд?

Зимни мулоқот дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар ҳошияи нахустин ҳамоиши иқтисодии "Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ" бо муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Девони Вазирони Қирғизистон.
Нахуствазири Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов ва муовини нахуствазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода
Зимни мулоқот дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

"Ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки рушди иқтидори гидроэнергетикии ду ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд", - омадааст дар хабар.

Ҷонибҳо ҳамчунин муҳимияти таҳкими эътимоди байни ду мардум дар манотиқи наздимарзӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳама гуна амалҳоеро, ки ба афзоиши ташаннуҷ дар миёни мардуми маҳаллӣ оварда мерасонад, таъкид карданд, афзуд манбаъ.