ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омори охирони гирифторӣ ба коронавирус дар Афғонистонро нашр намуд.
Ин созмон мегӯяд, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Афғонистон дастикам 7 283 бемор ҷони худро аз даст додааст. Гуфта мешавад, шабонарӯзи гузашта 40 нафар тоза гирифтори коронавирус шуда ва ҳоло теъдоди умумии дардмандон дар ин кишвар ба 154 343 нафар баробар шудааст.
Интишори охирин омори коронавирус дар Афғонистон аз ҷониби СҶБ дар ҳолест, ки давоми се моҳи охир Вазорати беҳдошт ягон маълумот дар мавриди бемории коронавирусро нашр намекунад.
"Толибон"*, ки ҳоло қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, бар ин бовар аст, ки онҳо тавонистанд бар бамории коронавирус пирӯз шаванд.
Намояндагони ин гурӯҳ аз аксари расонаҳо интиқод намудаанд, ки дар тарғиби пирӯзии онҳо бар коронавирус дар расонаҳо беадолатӣ дида мешавад.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия